ДАНҒАРА. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара” маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронида шуд.
Дар маҷлиси мазкур мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, раис ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҷамоати шаҳрак” иштирок доштанд.
Сараввал, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур баромад карда, вобаста ба фаъолияти ташкилот дар соли 2021 ҳисобот дод.
Дар анҷоми маҷлис мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҳмонзода Аваз вобаста ба ихтиёран ҷалб намудани ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, дар замири онҳо ҷой намудани ҳисси ватандӯстӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар аксияҳои ҳизбӣ ибрози андеша намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар соли сипаришаванда қаноатбахш шуморид.