ВОСЕЪ. Бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “МТМУ №6”-и ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “МТМУ №6” Заробова З. вобаста ба масъалаҳои маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар идомаи маҷлис масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Восеъ вобаста ба тарзи дуруст ҷойгир кардани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, инчунин ҷалб намудани шахсони арзанда барои пайвастан ба ҲХДТ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Дар охир ҳисоботи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии “МТМУ №6” дар давоми соли 2021 хуб арзёбӣ гардид.