АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягона ҳизби сиёсиест, ки аз замони ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ мавқеи худро то ҳол устувор нигоҳ доштааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Аз ин рӯ ҳамасола 10-уми декабрро ҳамчун Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ таҷлил менамоянд. Шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!»-ро доштани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин худ нишонаи садоқат ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ буда, барои рушду пешрафти ҳаматарафаи кишвари азизамон ҳамаи тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ ҳамеша кӯшиш менамояд, ки рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, баробарӣ ва эҳтиром нисбат ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, таъмин намояд. Мусаллам аст, ки ҲХДТ баҳри рушду пешрафти тамоми соҳаҳое, ки барои оромию осудагӣ ва пешравии кишвар муҳиманд нақши назаррас дорад. Аз ҷумла, нақши ҲХДТ дар самти сиёсати гендерӣ ва оила андак нест. ҲХДТ дар самти сиёсати гендерӣ нақшаҳои мушаххасро пайгирӣ намуда, баҳри расидан ба баробарҳуқуқии воқеӣ байни занон ва мардон чораандешӣ мекунад. Ташаббуси занону мардонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад ва дар маҷмӯъ кӯшиш менамояд, ки онҳо ба сатҳи ҳарчи беҳтар ва шоистаи зиндагӣ муваффақ гарданд. Ҳамин аст, ки солҳои охир ҲХДТ номзадҳоро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҳисоби занону бонувони фаъол ва арзанда пешбарӣ намуда истодааст. ҲХДТ оид ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, ҷалби бештари занон ба идоракунии давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида, ба модарони танҳо, занону духтарон аз оилаҳои камбизоат ва занону духтарони деҳот кафолати иҷтимоӣ медиҳад. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси сохторҳои ҳизбӣ дар арафаи ҳар ҷашну ид ва маросимҳо занону модарони танҳо аёдат шуда, ба онҳо кумаки иҷтимоӣ расонида мешавад. Инчунин, кумаки ҲХДТ ба оилаҳои эҳтиёҷманду маъюбиятдошта дар арафаи ҳар иду маросимҳо расонида мешавад. ҲХДТ оиларо асоси ҷомеа ва арзиши олӣ эътироф намуда, барои устувории пояҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ амалӣ намудану баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва омодагии ҷиддӣ барои бунёди оиларо зарур меҳисобад. ҲХДТ ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар ҷомеа буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими корӣ, оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои ҷомеа мусоидат мекунад. Бо ташаббуси сохторҳои ҳизбӣ байни занон пайваста вохӯриву суҳбатҳо, семинар-машваратҳо, мизҳои мудаввар, усули “хона ба хона” бо дастрасии варақаҳои таблиғотӣ вобаста бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, аз ҷумла оилаҳои ҷавон ва татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешавад. Бо эътимоди пурра метавон иброз дошт, ки ҲХДТ бо чунин фаъолияти густурдаву ҳамаҷонибаи хеш нишон дод, ки воқеан ҳам “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” талош менамояд ва ба натиҷаҳои назаррас ҳам ноил гардидааст. Пас мо аъзои ҲХДТ-ро зарур аст, ки бо ташаббускориву бунёдкорӣ дар пешрафти ҷомеа нақши муносиб дошта бошем.
Моҳинави Қурбонмад, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ