“Мо ин ҳизбро барои ҳокимиятсозӣ таъсис надодаем, мо чунин ҳокимиятро дорем, балки ҳадаф аз ташкили он таҳкими давлатдориамон, амалӣ гардондани ҳадафу ормонҳои мардум, омӯзиш ва равнақи демократия, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва эътирофу қадр кардани ақидаҳои гуногуну мухталиф дар ҷомеа мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша барои таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу субот, барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум зери роҳбарии Раиси муаззами хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошу амал менамояд. Ин ҳизб ҳамчун неруи сиёсӣ дар ҷомеа ҳамеша манфиатҳои давлату миллатро ҳимоя намуда, дар доираи қонунҳои амалкунанда, Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад, барои таҳкими давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона талош меварзад. Бо гузашти солҳо ва воқеаҳои пурпечутоби ҳаёт Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамаҷониба рушд намуд. Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки дар давраи фаъолияти худ қариб тамоми кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соҳиби бинои маъмурии худ гардиданд ва ин ҳама аз ташаббус ва дастгириҳои Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Ҷайҳун бо бинои як ошёна, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Норак, Левакант, ноҳияҳои Вахш, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Балҷувон, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Фархор, Ёвон, Хуросон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод бо бинои 2 ошёна, шаҳри Бохтар ва ноҳияи Восеъ бо бинои 3 ошёна таъмин гардиданд. Ҳамчунин, сохтмони биноҳои ҳизбӣ дар ноҳияҳои Панҷ ва Ҷ.Балхӣ дорои 3 ошёна, Данғара дорои 5 ошёна бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд.
Басо рамзист, ки мардуми шарифи кишвар 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии мамлакатро ҷашн гирифтанд ва дар ин росто Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ 27 сола шуд. Метавон бо сарбаландӣ гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рӯзҳое таъсис ёфт, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба мушкилоти печидае рӯ ба рӯ буд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Роҳбари ҷавону кордон дар дили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ донаи меҳру муҳаббат кошта, давра ба давра дар таъмини сулҳу субот мусоидат карда ва кишвар аз вартаи нобудӣ раҳо шуда, ба сӯи тараққиёт рафт. Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси сиёсати олии ҳирадмандонаи Пешвои муаззами миллат фаъолият намуда, дар расидан ба зиндагии шоиста мардум мусоидат мекунад. Аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, ки Барнома ва Оинномаи ҳизбро амалӣ намуда, бо идеяҳои навин дар рушди минбаъдаи устувори иқтисодӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа, гиромидошт ва эҳёи фарҳаҳанги миллӣ ва баланд бардоштани зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор бошанд.
Гуфтаҳои зайлро шоир Хайрандеш чӣ басо зебо ба назм даровардааст:
Ҳизбе, ки ҳаст кору маромаш ба коми халқ,
Ҳизбе, ки номдор шуд, инак, ба номи халқ.
Ҳизбе, ки ҳаст дар амалаш эҳтироми халқ,
Ҳизбе, ки дар давоми ӯ дидам давоми халқ.
Ҳизбе, ки пойдории миллат, мароми ӯст,
Он ҳизб Ҳизби Халқии Демократист, дӯст.
Аъзо, ҷонибдорон ва ҳамватанони азиз! 27-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳамаи Шумо ва ҳар як тоҷике, ки берун аз кишвари маҳбубамон-Тоҷикистон зиндагӣ мекунад муборак бошад.
Асроров Саидшо, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон