БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ – АМАЛИ ХАТАРНОК БА ҶОМЕА

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо амали терроризм зуҳур ёфта, оламиёнро ба таҳлука овардаву бетартибиву нооромӣ ва иғвоангезиву моҷароҷӯии пай дар пайи  онҳо қалби мардумро шикастааст. Бояд гуфт, ки террористон  тавассути амалҳои зишташон  зиндагии мардумро хароб сохта, ояндаи кишварро барбод медиҳанд.

Терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, зоҳир мегардад. Чунин хатарҳои мудҳишу манфурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ҳамасола зимни ироаи паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар аз оқибатҳои номусоиду даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон содир мегарданд, бо нигаронӣ ёдовар мешаванд ва баҳри мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок дидгоҳу назар ва афкору андешаҳои аз назари илмиву амалӣ асосноки хешро баён месозанд. Ҳамзамон, баҳри ҳифзу таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти давлатӣ, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Бояд зикр кард, ки ба созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар ноболиғону ҷавонон, ки яке аз табақаҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, ҷалб карда мешаванд, ки ин хеле нигаронкунанда ва ташвишовар мебошад. Зеро сабабҳои асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани шаҳрвандон, алалхусус ноболиғон ва ҷавонон ин истифода аз алоқаи барқӣ, интернет, аз ҷумла расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан, ноболиғон ва ҷавононро ба ҷиҳод ва барҳам додани асосҳои сохтори конститутсионии давлатҳои гуногун даъват менамоянд.

Имрӯз терроризм ва экстремизм натанҳо ба давлати алоҳида, балки ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, новобаста аз дараҷаи тараққиёти онҳо таҳдиди бевосита мекунанд. Бинобар ин, тамоми кишварҳои ҷаҳонро зарур аст, ки дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сулҳу субот, ягонагӣ ва амният, пешгирии сокинони сайёра ва безараргардонии экстремистону террористон чораҳои қатъӣ андешида, қонунгузории кишвари хешро ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатовару нафратовар такмил диҳанд.

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg