БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МАН - ИФТИХОРИ МАН!

АНДЕША. Тӯли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба марҳилаҳои пурпечутоби таърихӣ дучор ва ба санҷишҳои зиёд рӯ ба рӯ гардидааст. Тоҷикистон аз як кишваре, ки қариб нобуд ва иқтисодиёташ дар вартаи марговар дучор гардида буд, имрӯз ба як кишвари аз лиҳози иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфтааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои гуногуни мамлакатамон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст.

Чи қадар корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, маданиву маишӣ, фарҳангиву фароғатӣ, бунёди биноҳои пурарзиш, мактабҳои олӣ, муассисаҳои томактабӣ бо таъсиси ҷойҳои корӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Сулҳу осоиштагӣ тавонист рушди босуботи ҳамаи бахшу соҳаҳои кишварро таъмин намояд ва ин бо шарофати пойдории Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадааст. Албатта, ташаббусҳои Президенти мамлакат дар таҳкими пояҳои Истиқлолият ва эҳёи давлати навини тоҷикон хеле бузург аст ва ин ташаббусҳо барои сарнавишти миллату давлати мо аҳамияти муҳиму аввалиндараҷа доранд.

Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Каҳрамони Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таъриҳии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих ба ҷо оварданд. Мо имрӯз метавонем, бо сарбаландӣ, бо ифтихор бигуем, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун давлати ягонаи мустаъқил барпо шуд. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ қувваи сиёсӣ, аз ҷумла гуруҳҳои низоъангез ки дастовардҳои Тоҷикистонро мудом нодида мегиранд, ҳукук надоранд мавҷудияти Тоҷикистон, пойдории Истиклолияти Тоҷикистон ва ягонагии Тоҷикистонро инкор намоянд. Зеро мо ба ин роҳ намедиҳем.

Ғафурзода Рухсора, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg