БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оғози курси омӯзишӣ бо кормандони масъули сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Бо мақсади мустаҳкам кардани донишу таҷрибаи сиёсии кормандони сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон ва баланд бардоштани сатҳи малакаву маҳорати корбарӣ ҷиҳати татбиқи муассири самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 26.06.2018 дар шаҳри Бохтар курси омӯзишӣ бо раисон ва кормандони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид.
Зимни оғози курси омӯзишӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, узви КИМ ва КИВ ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар иштирок ва вобаста ба ҳадафу мақсадҳои он суханронӣ намуданд. Инчунин, дар кори курси омӯзишӣ наздики 200 нафар кормандони масъули сохторҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии ҳизб ба ҳайси шунаванда иштирок варзида истодаанд. 
Курси омӯзишӣ бо нахустин дарси муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар дар мавзӯи “Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сафарбар намудани сокинон баҳри татбиқи он” ҷараён гирифт. 
Дар давоми рӯз Чуянов Самариддин Холмуродович – муовини сардори шуъбаи мубориза бар зидди тероризми Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар мавзӯи “Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистӣ-терористидошта ва роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо” ва Раҳмонзода Содиқҷон – сардори шуъбаи амнияти дохилаи Раёсати Агентии давлатии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон дар вилояти Хатлон дар мавзӯи “Фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон” дар ҳузури иштирокчиёни курси омӯзишӣ баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Курси омӯзишии мазкур то санаи 29.06.2018 идома пайдо карда, дар рафти он коршиносони варзидаи соҳаҳои мухталиф ва намояндагони мақомоти давлативу ҷамъиятӣ вобаста ба мавзӯъҳои муҳимми сиёсӣ суханронӣ ва маърӯза менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg