БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ЗОДАИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИСТ

АНДЕША. 10.12.2021,  аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27 сол пур мешавад. Ин сана барои мардуми сарбаланди кишвар, аъзову ҷонибдорон ва хусусан мо ҷавонон санаи муҳиму тақдирсоз ба шумор меравад. Мо ҷавонони зодаи соҳибистиқлолии кишвар ин санаро барои он тақдирсоз меномем, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои Тоҷикистони тозаистиқлол таъсис ёфтани як ҳизбӣ сиёсӣ ва ба мардум фаҳмонидани  моҳияту аҳамияти ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ кори саҳлу осон набуд. Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ басо бузург арзёбӣ мегардад, зеро  ҲХДТ худ ҳизби зодаи даврони Истиқлолият мебошад.

ҲХДТ дар замоне таъсис ёфт, ки миллати азияткашидаи тоҷик дар гирдоби нобасомониҳо ва фитнаю иғво ва миллатгароии бадхоҳон қарор дошт. Истиқлолияти тоза ба даст омодаи ин мардуми сарбаланд дар хатар ва ҷомеа дар ҳоли парокандагӣ буд. Дар чунин вазъ ҲХДТ тавонист, ки бо нерӯи сиёсӣ бурҳони амиқи идеологиро аз байн барад ва ҷомеаро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ созад, зеро ҲХДТ дар асоси ғояҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз нерӯҳои созандаи ҷомеа табдил ёфта, ҷомеаро муттаҳид ва ба мардуми кишвар умеди ояндаи дурахшонро бахшид.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар ҳамаи самтҳо такя ба аъзову ҷонибдорони худ намуда, барои роҳандозӣ намудани барномаҳои худ дар самти ободонию созандагӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдату якпорчагии Ватан, нигоҳ накарда ба рӯзҳои вазнин бо назардошти фазои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти худро дар байни халқ гум накарда, барои расидан ба ҳадафҳои олии худ ҳамеша талош намуда истодааст.  Имрӯзҳо дар шароити басо мураккаби геополитикӣ пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ, мавҷудияти миллат, якпорчагии кишвар яке аз арзишҳои олиест, ки ҲХДТ ин арзишҳоро то ба имрӯз тарғиб карда истодааст.

Дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҲХДТ дар байни мардум тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ пеш аз ҳама ватандӯстӣ, ҳимояи шаъну шарафи давлат, фаъолнокӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи дурусти ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар байни ҷавонон, дур кардани ҷавонон аз тақлиду бегонапарастӣ, анҷом додани амалҳои бунёдкоронаро ба роҳ монда, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ бештар кӯшиш намуд, зеро мутаассифона то ҳол ҳастанд гурӯҳҳое, ки тоби дидани ваҳдату суботи миллати тоҷикро надоранд ва дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолиамонро бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки хурд нишон диҳанд.

Дар чунин вазъият вазифаи асосии мо ҳизбиён аз он иборат аст, ки ба ин нохалафон роҳи дурусти зиндагиро нишон дода, асолати ватандӯстиашонро бедор намоем. Садоқати баланди ватандӯстиву ватандории худро ба ҳамагон собит созем ва барои ояндаи ободу осудаи фарзандонамон мубориза барем ва танҳо дар ин сурат метавонем, ки пояҳои Истиқлолияти давлатиро тақвият бахшем.

Сабоҳат Салимова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg