![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20211209_101400.jpg?itok=ChIeyldn)
ҶАЙҲУН. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, иммунизатсия намудани аҳолӣ, истифодабарии мақсадноки неруи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллии ноҳия баргузор гардид.
Дар раванди баргузории аксия намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Насима ва дигар масъулин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки ваксина гирифтан ин ягона роҳи пайдо намудани иммунитети коллективӣ буда, дар ҳолати ба 85% расондани иммунитети коллективӣ метавон хавфу хатари ин бемориро аз байн бурд. Аз ин лиҳоз аз ҳамаи сокинони ин ҷамоат хоҳиш карда шуд, ки барои ҳифзи фарзандон ва наздикон бо дарки баланди масъулияти инсонӣи ваксина гиранд.