БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБЕ, КИ ҲАСТ МАРОМАШ МАРОМИ ХАЛҚ...

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бисту ҳафт сол муқаддам зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони сиёсат ворид гардида, дар муддати начандон тӯлонӣ садоқати худро ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои озодиву баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёниву демократия сарбаландона собит намуд ва имрӯз бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Ватан ва бо умеди баровардани ормонҳои миллӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ сохта истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рукни таркибии низоми бисёрҳизбии кишварро ташкил дода, дар миёни ҳизбҳои амалкунанда бонуфузтарини онҳо ба ҳисоб меравад. Ин ҳизб дар тӯли фаъолияти 27-солаи худ пастиву баландиҳо ва мушкилоту проблемаҳои зиёдеро паси сар кардааст.

ҲХДТ барои сарҷамъию ваҳдат ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб шароити созгор фароҳам овард ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии ҳамагонро таҳким бахшид. Ба андешаи шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ «Мисли он ки аз баракати талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯҳи Сомониёни бузург пас аз ҳазор сол эҳё ва парчами давлатдории тоҷикон то абад пойдор гардид, ҳамчунон номи ӯ низ дар ҳофизаи наслҳои сипосгузори баъдӣ абадан боқӣ хоҳад монд».

Эраҷ Мирзоев, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg