ШАҲРИТУЗ. Дар маҳаллаи Тоштеппаи ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ҳамрозода Комил бо кормандони масъули ташкилоти мазкур бо иштироки 12 нафар баргузор гашт.
Дар вохӯрӣ масъулин атрофи суханрониҳои Пешвои миллат бо зиёиёни мамлакат, иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро, баррасӣ карда шуда, иштирокдоронро барои анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва хайру сахо ҳидоят намуданд.