КӮШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии "РАСИН"-и ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор карда шуд.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "РАСИН" дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 шунида шуда, дар хусус қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоти ибтидоӣ ва назорати ҳаракати аъзошавии ҳизб ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки ба кори ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ диққати ҷиддӣ дода, дар чорабиниҳо, аксияҳо ва ҳашарҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат намоянд.
Бояд қайд намуд, ки ташкило ти ибтидоии мазкур яке аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии фаъол ва пешсаф дар ноҳия буда, раиси он Идибек Мирзоалиев яке аз фаъолони сомонаи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён мебошад.