ДӮСТӢ. Вобаста ба иҷрои ҷадвали тасдиқгардида, маҷлиси ҷамбастии фаъолияти корӣ дар соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нозироти андоз"и-ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроияии ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ҳисоботи раиси ташкилот Хоҷаев Назруллоро оид ба риояи талаботҳои Оинномаи ҳизб қаноатбахш арзёбӣ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати 27-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрик гуфтанд.