ВАХШ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ мизи мудаввар дар мавзуи “ҲХДТ-зодаи тафаккури Пешвои миллат” баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур собиқадорони ҳизб, аъзои фаъол, ҷавонони зодаи соҳибистиқлолии кишвар ва дигарон иштирок намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон дар назди ҳозирин дар мавзуи дар боло зикргардида баромад намуда, инчунин иштирокчиён ва дигар ҷонибдорони ҳизбро ба муносибати 27-солагии таъсисёбии ҲХДТ муборак бод гуфт.