БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР

АНДЕША. Мо дар 27-солагии таъсисёбии яке аз ҳизбҳои сиёсии кишварамон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҷлил кардем. Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят сангину барои ҷумҳурии  тозаистиқлоли мо вазнин тавлид ёфта, қадам ба қадам аҳли ҷомеаро баҳри тақвияти сулҳу Ваҳдати миллӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатии кишварамон раҳнамо сохтааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, дар саросари кишвар ба фаъолият шуруъ намудааст. Яъне,  ин ҳизб дар поён бахшида ба ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани мардуми пароканда ва ташкили давлати нав пояи нахустинро гузошт ва мо имрӯз ҳама дар давлати ягонаи тоҷикон зиндагонӣ дорем.

Саъю талош ва ташаббусҳои беназири Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардида,  аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтаанд.

Боиси шодмонӣ ва ифтихори беандоза аст, ки таҷлили ҷашни 27-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан чандон тӯлонӣ набошад ҳам, басо ифтихорманду бошараф аст.

Яке аз омилҳои пешравӣ ва муваффақияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он аст, ки Барномаи ҳизб бо барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам буда, имрӯз таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” амал намуда, дар рушди самтҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷомеа нақши созгор дорад.

Тайи 27-сол аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи сиёсии ҷомеа собитқадамона фаъолият дошта, бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаю ватанпарварона муаррифӣ мегардад.

Неъматуллоева С.,  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg