БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН, ОРОМИАТРО БА ҶОН МЕХАРЕМ!

ВОКУНИШ.  Чи тавре, ки аз расонаҳои интернетӣ огоҳ гаштем, дар як гӯшаи Ватан, яъне ВМКБ то хол ҳастанд нафароне, ки барои ноором ва халалдор сохтани фазои сулҳу суботи кишвар дар байни мардум паноҳ бурда, барои ба максадҳои нопоки худ расидан даст ба ҷиноят зада истодаанд.

Гулбидин Зиёбеков яке аз сокинони ВМКБ мебошад, ки ҳамаи мову Шумо аз кирдори содирнамудаи номбурда огоҳ гаштем. Ҳодисае, ки ҳангоми боздошти Г. Зиёбеков рух дод, бори дигар собит месозад, ки то ҳол дар байни мардуми сулҳпарвару меҳнатдӯст ва шарафманди Бадахшон ёфт шудааст нафаре, ки андешаҳои ифротгароёнаю нигоҳи бадбинона дорад нисбати тинҷию оромии сартосарии кишвари маҳбубамон.

Вазъи сиёсию печидаи ҷаҳони муосир якояки моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, муқобили тамоми намуди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вокуниш нишон дода, амалҳои ифротгароёнаи он бадхоҳонро маҳкум созем.

Сабоҳат Салимова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                                               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg