БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА ПЕШСАФ

АНДЕША. Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият роҳи давлатсозиро пеш гирифта, барои расидан ба ин мақсад сараввал давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро бунёд намуд. Яке аз талаботҳои ҷомеаи демократӣ ин ҳамфикриву ҳамақидагии одамон буда, дар ин росто ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ, дар доираи қонунгузорӣ метавонанд ҳизбӣ сиёсӣ ташкил намоянд. Дар кишвари мо низ бо сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 1993 пешниҳод гардид, ки барои ҳарчи бештар фарогирии манфиатҳои давлату миллат ҳизби сиёсӣ таъсис намоянд ва ҳамин тариқ 10-уми декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфта, он ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав, бо шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” вориди интихобот гардида, раъйи бештари мардумро ба даст овард.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст ва дар тӯли 27-соли ҳукмронии ҲХДТ дар саросари кишварамон дигаргуниҳои бузурге ба амал омадааст, ки маҳз далели шиори ҳизб мебошад. Яке аз дастоварди бузурги ҳизб ин мебошад, ки дар давоми ҳукумрониаш шаш маротиба дар интихоботи Парламентӣ ва чор маротиба дар интихоботи Президентӣ дастболо гаштааст. Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як аъзову ҷонибдорони ҳизб аст, ки ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи кишварамон натиҷаи амалӣ гардидани Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати соҳибмаърифат, соҳибфарҳанг ва ташаббускор мешиносанд. Нуфузу эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз обрӯ ва маҳбубияти роҳбари хеш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки инро коршиносони сиёсии дохиливу хориҷӣ борҳо таъкид намудаанд ва ин воқеиятест, ки ҳар як сокини мамлакат онро хуб дарк менамоянд.

Санаи 10-уми декабр 2021 аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27-сол пур мешавад.  Ҳизби мо дар асоси сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбари маҳбубу муаззами хеш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамар дорад ва рисолати мо ҳизбиён он аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои олии кишварамон ҳамеша бо халқ бошем ва ғояҳои асосии давлатдориро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ намуда, вазифаи худро сарбаландона иҷро намоем.

Сабоҳат Салимова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg