БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИЁҶМАНДОН ЗЕРИ ҒАМХОРИҲОИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

Н.ХУСРАВ.  Дар  арафаи  ҷашни  таъсисёбии  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  масъулини  Кумитаи  иҷроия бо  мақсади  дастгирии  қисмҳои  осебпазиру  эҳтиёҷманди  ҷомеа  дар  ҷамоати  деҳоти Наврӯз    ба  оилаи   Қаршиевҳо  рафта, ба ду  нафар  аъзои   оила  Ҳабиба   ва Маҳмадиқбол, ки  нобино  мебошанд,   кумаки   моддӣ  расониданд .

Раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Ализода  Сураё онҳоро дилбардорӣ  намуда  қайд  кард, ки  дар  асоси   ғамхориҳои  пайвастаи   Раиси муаззами  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон,  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  нисбати  қишри осебпазири  ҷомеа  масъулони  ҳизб  ба  аёдати  онҳо  рафта аз  аҳволашон  хабар  мегиранд  ва  дар  доираи  имкониятҳои  молиявияшон  кумакҳои  яквақтаина  мерасонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg