ФАРХОР. Шурӯъ аз рӯзи 01-декабри соли ҷорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Фархор маҷлисҳои ҷамъбастӣ баргузор шуда истодаанд.
Ин навбат чунин маҷлис бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Тағайзода Рустам дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён” баргузор гашт.
Ҳизбиёни ин ташкилот масъалаҳоро “Дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Фарҳагчиён” дар соли 2021” ва “Дар бораи тасдиқи нақшаи кории ташкилот барои соли 2022” мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор муҳтарам Тағайзода Рустам дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятнок ва асосии ҲХДТ баромад намуд.