БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ СТРАТЕГИИ МАМЛАКАТ

ФАРХОР. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Пешвои миллат мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳоро дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин арзёбӣ намуданд.
Вобаста ба гуфтаҳои боло бо саҳмгузории вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ятимов Мумин дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Фархори ноҳия корҳои азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои дохили деҳа ба масофаи 10 км ба анҷом расонида шуданд. Дар ин кори хайру сахо кормандони Идораи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, ки ҳамагӣ аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, кумак расониданд.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg