ПАНҶ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии коронавирус СOVID-19 дар бозори сабзавоти шаҳраки Панҷ, миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин, дар рафти мулоқотҳо ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои иттилоотӣ баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ тақсим карда шуд.