ҚУБОДИЁН. Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба муносибати 27 солагии рӯзи Ҳизбии Халқии Демократии тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Садриддинзода Бадриддин Талбак, муовинони раиси ноҳияи Қубодиён, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони вилояти ва ноҳиявӣ бо назардошти супоришҳои роҳбариятии болоии ҳизб бо риояи талаботҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони ноҳия дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳия маҷлиси тантанавии ҳизби баргузор гардид. Узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Садриддинзода Бадриддин Талбак доир ба пайдоиш ва ташкил ёфтани ҲХДТ сухан намуда, табрик намуда, муовини раис, мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев В диор ба ташаккулёбӣ ва дастовардҳои ҲХДТ баромад намуд.
Дар фароварди чорабинии тантанавии ҳизбӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Қубодиён ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои фаъолияти пурсамар ва баргузориҳои чорабиниҳои тарғиботӣ ва ҳамкории мутақобила дар татбиқи сиёсатӣ созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб бахшида ба 27 солигии ҲХДТ ба як гуруҳ аъзои фаъоли ҳизб бо Сипоснома ва туҳфаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд.