БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН

ҚУБОДИЁН.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи муовини раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён санаи 8-декабри соли 2021  бахшида ба муносибати рузи 27- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ду оилаи ниёзманд маъюб ва оилае, ки фарзандаш соли 2010 дар хазмати ҳарби ҷон бохтааст дастгири гардиданд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои камбизоату бепарасторон, ба ҳукми анъана даромада, шахсони саховатманд кӯшиш менамоянд, ки ин дастури сарвари давлат аз мадди назар дур намонад.

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев В. ба 2 нафар оилаҳои камбизоати маҳаллаҳои Мирзо Турсунзода ва Равшанобод аз ҷониби Абдуллоев В. маводи хӯрока аз қабили орд, равған, картошка, пиёз расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg