БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒОЛИБОНИ ОЗМУН ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

ЁВОН. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 27-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон нақша- чорабиниҳо омода гардида, аз рӯи он чорабиниҳо бо маром идома дорад. Дар толори қасри фарҳанги ноҳия озмуни ноҳиявӣ зери унвони “Чакан зиннати бонуи тоҷик” баргузор карда шуд.

Аз ҷониби ниҳоди ноҳиявии ҳизб барои муайян кардани ғолибони озмун аъзои ҳакамон низ муайян карда шуда, дар рафти озмун ҳунари иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуданд. Дар ниҳоят МТМУ №17 сазовори ҷойи якум, ҷойи дуюм насиби мактабҳои 45 ва 9-и ноҳия ва ҷойи сеюм насиби мактабҳои 75 ва 27 гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби кумитаи тадорукот ба ғолибони озмун диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, ҳамзамон ба иштирокчиён ифтихорномаҳо барои иштироки фаъолона тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg