БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ҲХДТ

Ҷ. БАЛХӢ. Таҳти ҳамин  унвон дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ бо иштироки бонувон  ва фаъолзанон мизи мудаввар баргузор гардид.

Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола суханро ифтитоҳ намуда, мақсади вохӯриро тавзеҳ дод ва  ҳамаи аъзои ҳизбро ба муносибати ин санаи муҳим табрику муборакбод гуфта, иброз дошт, ки занону бонувон  дар татбиқи ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲХДТ саҳми муносиб доранд.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Моҳинави Қурбонмад, аъзои фаъоли ҲХДТ Саидова Барно, Раҳимова Давлатбӣ ва Малоҳат Толибова оид ба  таърихи таъсисёбӣ, мақсаду мароми ҲХДТ, саҳми занону бонувон дар корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ ва татбиқи ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ баромад намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg