БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРӮИ БУЗУРГИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР МЕБОШАНД

ВОСЕЪ. Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки масъулини ҳизбӣ дар МТМУ №20-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза иштирокдоронро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрик намуданд. Баъдан дар назди иштирокдорон оиди риояи қонун дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, қонун дар бораи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, эҳтироми арзишҳои миллӣ, эҳтироми либоси миллӣ ва дигар масъалаҳо ибрози ақида карда шуд.

Дар охир аз хонандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намоянд ва дар муассиса хубу аъло таҳсил намуда, баҳри ободиву пешравии кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg