БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРОМИ ҲХДТ ХИЗМАТ БА ВАТАН АСТ

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бо тавсия  ва маслиҳатҳои судманди  дар он айём Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рӯйи кор омадааст. 10-уми декабри соли 1994 Анҷумани  муассисони ҳизб  дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии  Тоҷикистон қарор қабул кард. Дар ҳамин Анҷумани муассисон  Оиннома ва Барномаи ҳизб тасдиқ гардида,  15 декабри соли 1994  Вазорати  адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳизби Халқии Тоҷикистонро  таҳти № 199 Анҷумани III  Ҳизби Халқии Тоҷикистонро  ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  иваз кард.

Ҳизби мо тавонист дар давраи  мавҷудияти  худ  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қуллаҳои  нав ба нави  иқтисодиву иҷтимоӣ  ва фарҳангӣ  ба пеш барад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беҳтарин шахсиятҳо, олимону донишмандон, сиёсатшиносону коршиносон ва ашхоси меҳнатдӯстро сарҷамъ намуд. Аз ибтидои фаъолияти худ  ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни  рушду нумуи кишвари азиз содиқона пайравӣ карда,  ҷиҳати амалишавии ғояҳои ҳизб  корҳои мушаххасеро  ба анҷом расонидааст.  Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон марҳалаи хело ҳам ҳассосу  сарнавиштсози таърихиро паси сар намудаву ҳоло бошад ба як неруи тавоною созанда ва муттаҳидсози  ҷомеа табдил ёфтааст.

Ҳадафу мароми ҲХДТ  таъмини амният, зиндагии шоиставу босаодати ҳар як фарди Тоҷикистон мебошад. Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар рушду нумуи ҳаёти  сиёсиву  иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат  басо муассир аст. Ҳоло майлу рағбати мардум, хусусан ҷавонон  ба ҳизб пайваста меафзояд. Дар раванди дигаргуниҳои куллӣ ҷомеаи  мо зина ба зина  боло рафта, сатҳи зиндагии шаҳрвандон  баланд гардида истодааст, ин ҳам бошад  бо шукргузорӣ  аз тинҷиву  ваҳдати ягона ва  аз саҳми арзанда доштани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  шаҳодат медиҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рисолати худро тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси  дастуру талаботҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб ба роҳ монда,  дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар фаъолона ширкат меварзад. Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор буда, омодаанд, ки дар пешрафту боз ҳам шукуфон гаштани  ҷомеаву Ватани азизамон-Тоҷикистон  саҳми худро гузоранд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  зодаи Истиқлолият дар тӯли 27 соли фаъолият  таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳадафҳои стратегиашро  дар амал татбиқ намуда,  дар рушди босуботи Тоҷикистон саҳми босазо гузошта истодааст.  Мавқеи арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ беназир буда,  аъову ҷонибдоронаш  баҳри ободу зебо, пойдории сулҳу  ваҳдат дар диёрамон  кӯшишу ғайратҳои  зиёдеро ба харҷ  дода истодаанд.

27- солагии таъсисёбии ҲХДТ муборак, ҳамсафони гиромӣ!

Зебо Бозорова, “Ҳамрози халқ”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg