БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!»

Н.ХУСРАВ.   Бахшида  ба  истиқболи  сазовори  27-  солагии  таъсисёбии  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон,бо  ташаббуси   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар боғи  навбунёди  истироҳатию  фароғатии ноҳия   бо ҷалби  аъзо  ва  ҷонибдорон,   волонтиёрони  ҳизбӣ  Аксияи  ҳизбии «Ватани  ҳар  гӯшаатро  сарсабз  хоҳем  кард» баргузор  намуда,  дар  майдони  боғ  900   бех  гулҳои  садбарг    шинониданд.

      Дар   баргузор  Аксия раиси Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия   Ализода Сураё Ҷура баромад  намуда  қайд  намуд, ки Пешвои  миллат  Раиси  муаззамси  ҳизбамон  борҳо таъкид  менамоянд, ки  «… узви Ҳизби  Халқии Демократии  Тоҷикистон будан ҳам  ифтихору  шараф ва  ҳам масъулияти бузург дар  назди  халқу Ватан ва  сарнавишти  ҷомеаи  демократӣ,дунявӣ ва ҳуқукбунёди  Тоҷикистони  соҳибистиқлоли  мо  мебошад»,Дар  асоси  ҳидоятҳои  Сарвари  муаззами  ҳизбамон    мо  раванди  ободкориву  созандагиро  беш аз  беш  густариш  бахшем, сарҷамъу  муттаҳид  бошем, камбудиву  норасогиҳои  ҷойдоштаро  бартараф  намуда, ҷашни  27 солагии  таъсисёбии Хизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон –ро дар  руҳияи баланди  ватандорӣ  истиқбол  намоем.

      Аз  рафти  баргузории  Аксия аксҳо  бардошта  шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg