БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдату ягонагӣ пояи устувори миллат мебошад

ФАРХОР. Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагии Тоҷикистони азиз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, ҷиҳати суҳбат намудан атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Дарқад бо сокинони деҳа маҷлиси ҳизбӣ баргузор намуданд.

Дар маҷлис масъулин оид ба арзиши Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" суханронӣ намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки сокинони сарбаланди деҳаи Меҳробод бо қаноатмандӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, мутаҳидии мардум ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсию маънавиамон, мехоҳем дар деҳаи мо ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шавад.

Бо овоздиҳии сокинон  дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Меҳробод» таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg