АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намудааст.
Санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ аз таъсисёбии ҲХДТ 27 сол сипарӣ мегардад.
Дар таърихи 10-уми декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкили Ҳизби Халқии Тоҷикистон (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон) қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.
25-июни соли 1997 Анҷумани 3-юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар ин Анҷуман номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Санаи 18-уми апрели соли 1998 Анҷумани 4-уми ҲХДТ, баргузор гардида вакилони Анҷуман, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани мазкур суханронӣ карда, таъкид намуданд, ки "Таърих гувоҳ аст, ки сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслакони худро ёбанд".
Дар ҳақиқат бо гузашти начандон вақти тӯлонӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси муаззамаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсафон ва ҳамаслакони худро пайдо карда, бо дастгирии аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ҳамаи он ҳадафу барномаҳои иқтисодию иҷтимоие, ки барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум қабул гардида буданд, дар амал татбиқ гардида, Тоҷикистонро ба яке аз кишвари пешрафта дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.
Дар тӯли 27-соли фаъолияти Ҳизб, он ба як ниҳоди сиёсии пурнуфуз ба ҳизби пешоҳангу пешбарандаи ҷомеа табдил ёфта, аъзоёну ҷонибдорони хеле зиёд дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташкилоти бузурги сиёсӣ, мактаби омодасозии кадрҳои роҳбарикунанда буда, дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат оғоз карда аз сатҳи деҳот то ба шаҳру ноҳияҳо, вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолият мекунад. Имрӯз ин ҳизб дар сафи худ зиёда аз 500-ҳазор аъзо дошта, ташкилотҳои ибтидоии он ба 6600 адад мерасанд.
Дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ бинои маъмурӣ дошта, кормандони он бо мардум алоқаи зич доранд ва барои осон гардонидани мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ кор ва фаъолият менамоянд.
Бо дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 октябри соли ҷорӣ, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар кушодашавии он Пешвои миллат, бевосита иштирок карда бо раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон суҳбату вохӯрӣ намуда, барои пешрафти корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сохтори ҳизбӣ дар ноҳияи Дӯстӣ низ, мутаносибан пешрафти устувор дошта, фаъолияти хуби таблиғотӣ ва роҳнамоиро дар байни ҷомеа ба роҳ мондааст.
Ҳамаи моро мебояд дар меҳвари сиёсии ин мактаби бузург бо роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, барои зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистони азиз хизмат намоем.
27-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳамаи мову Шумо муборак бошад, ҳамсафони азиз!
Қурбонов А., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ