ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Пайравон " –и деҳаи Тоҷикистони ҷамоати деҳоти Хуросон маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии мазкур бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.
Дар маҷлис ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба масъалаи якум ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Пайравон" Маҳмудов Сайхуҷа “Дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Ҳаёти солим" дар соли 2021” шунида шуда, нақшаи корӣ барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.
Ҳамзамон, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар масъалаи ҳаракати аъзои ҳизб баромад намуда, таъкид карданд, ки вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб ва дигар корҳои анҷомдодаи ташкилоти ибтидоии мазкур ахборотҳои моҳона ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор пешниҳод карда шавад.