ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ва ҳамзамон даъвати сокинон ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 бо усули “хона ба хона” дар якҷоягӣ бо намояндаи Маркази саломатии ноҳия гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо сардорони оилаҳо ва дигар нафароне, ки бо онҳо ҳамсуҳбат шуданд, оид ба бемории сироятии COVID-19 маълумот дода, иброз доштанд, ки иммунизатсия ҳатмӣ буда, ягон зараре ба инсон надорад ва ҳама дар якҷоягӣ бар зидди ин беморӣ бояд мубориза барем.
Инчунин, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор барномаҳои тарғиботӣ барои фаҳмондани муҳимияти иммунизатсия дар намуди буклетҳо ва брошураҳо омода намуда миёни аҳолӣ паҳн карда шуд.