БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАРО ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

ФАРХОР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пӯсту зуҳравӣ" маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии мазкур бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор гардид.

Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пусту зуҳравӣ”,  натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021,  тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар охир намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба сухан баромада, ҳозиринбо бо ҷашни дар пешистодаи Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки корро дар ҳамаи самтҳо боз ҳам ҷоннок намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg