ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шуғли аҳолӣ" маҷлиси ҷамбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии мазкур бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор гардид.
Дар маҷлис ду масъала мавриди баррасии қарор дода шуда, оид ба масъалаи якум ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шуғли аҳолӣ" Шарипов Алихон “Дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Шуғли аҳолӣ" дар соли 2021” шунида шуда, нақшаи корӣ барои нимсолаи аввали соли 2022 тасдиқ карда гардид.
Ҳамзамон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар масъалаи ҳаракати аъзои ҳизб баромад намуда, таъкид карданд, ки ҳисоботҳо оид ба ҳаракати аъзо ҳар моҳ ва сари вақт ба Кумитаи иҷроия дастрас карда шаванд.