БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- РОҲНАМОИ ҶАВОНОН

«Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд».

                                                                             Эмомалӣ  Раҳмон

АНДЕША. Аз рӯзҳои аввали истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ояндасози ҷомеа – ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, ки имрӯз боиси сарфарозист.  Дар  баробари ба сари ҳокимият омадани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Бо мақсади  ҷалби васеи ҷавонони фаъол  ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дар назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шудааст, ки он асосан барои ҷалби бештари ҷавонон ба сафи ҳизб, тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи  ҳизб,  татбиқи Оиннома ва барномаи  ҳизб, мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсили илм ва фаро гирифтани онҳо ба амалҳои неку созанда  ва дигар мақсадҳо баромад намудаанд.

Мо ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар ҳисобида, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб карда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона  бо тарафдорӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон адо менамоем ва барои рушду нумӯи кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем.

Абдувализода Шукрона,  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар н.Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg