БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ВАЗИФАҲО МУШАХХАС ГАРДИД

НОРАК. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Норак  маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Рӯдакӣ-2"-и шаҳр баргузор гардид.

Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Рӯдакӣ-2" оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 шунида шуд.

Баъдан, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Норак  дар назди иштирокчиён вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатдории ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ кард.

Дар охири маҷлис аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба фаъолияти ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ диққати ҷиддӣ дода, дар корҳои ободониву созандагӣ, аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намоянд ва баҳри сарсабзию гулгулшукуфии меҳани маҳбуб саҳми сазовор бигузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg