ДӮСТӢ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, иммунизатсия намудани аҳолӣ, истифодабарии мақсадноки нерӯи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Дӯстӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳия ва кормандони соҳаи тандурустӣ гардиш доир намуданд.
Дар ин рӯз бо сардорони оилаҳо суҳбат гузаронида шуда, онҳоро иммунизатсия намуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои болозикр тақсим намуданд.
Инчунин, аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки ба гуфтаи коршиносони соҳаи тиб, ягона роҳи муҳофизати худ ва наздикон аз беморие, ки метавонад боиси марг ё бад шудани вазъи саломатӣ муддати тӯлонӣ гардад, ваксиназанӣ аст. Ваксина бар зидди коронавирус иқтидори эҷоди масунияти доимӣ ба COVID-19-ро дорад.