ДӮСТӢ. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Молия" маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ иштирок доштанд.
Зимнан раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Молия" вобаста ба фаъолияти ташкилот дар соли 2021 ҳисобот пешниҳод карда, иброз дошт, ки ташкилоти ибтидоӣ дар ин давра фаъолияти хуб дошта, ҷиҳати таргиби ҳадафҳои созанда ва саҳм гузоштан дар амалҳои неку ободкорона саҳми назаррас гузоштааст ва дар оянда низ талош меварзад дар чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намояд.
Сипас, дар анҷоми маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоиров Сабзалӣ дар бораи фаъолияти пурсамари ҳизбӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷалби бештари сокинон ба ободкориву бунёдкорӣ суханронӣ намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар татбиқи ҳадафҳои созанда саҳмгузор бошанд.