БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ВА ВАЗИФАҲОИ НАВБАТӢ ё

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҷамъбастӣ идома доранд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти "Ҷиликӯл" маҷлиси ҷамъбастӣ доир карда шуд.

Дар маҷлиси мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ иштирок доштанд.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти "Ҷиликӯл" вобаста ба фаъолияти ташкилот дар соли 2021, ҳисобот дода, афзуд, ки ташкилоти ибтидоӣ пайваста  бо Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб робитаи мустаҳкам дошта, тартиби ҳуҷҷатгузориҳоро тибқи Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба роҳ мондааст ва дар оянда низ кӯшиш менамояд, ки дар чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат варзад.

Дар анҷоми маҷлис, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоиров Сабзалӣ баромад карда, вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ ва сари вақт баррасӣ кардани арзу шикоятҳои шаҳрвандон суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg