БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЙЁҲӢ – САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар мебошад, ки солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати рушди он тадбирҳои муассир меандешад.

Табиист, ки дар пайванд бо табиати афсонавии Тоҷикистон ва имкониятҳои беназири рушди туризми экологӣ дар манотиқи гуногуни кишвар теъдоди сайёҳони дохилию хориҷӣ дар Тоҷикистон беш аз пеш меафзояд, ки ин аз ташаббусҳои муҳими Сарвари давлат оид ба рушди босуръати соҳаи туризм бармало зуҳур мекунад. Маҳз дар асоси ҳамин сиёсати созанда, ки нишонаи дарку пайгирии саривақтӣ аз самтҳои ояндадори иқтисоди ҷаҳонист, Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ворид мешавад. Дар раванди рушди экотуризм ба сохторҳои сайёҳӣ бояд мардуми маҳаллӣ шарик гарданд, то ки муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва олами ҳайвоноту наботот барояшон аз ҷиҳати иқтисодӣ судовар бошад. Дар ин сурат, сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон низ беҳтар мегардад.
Гуногунии биологӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот ва набототи нодири Тоҷикистон ва роҳу воситаҳои муосири инъикоси он омилест, ки метавонад таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро ба худ афзун гардонад.

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани солҳои 2019-2021 давоми мантиқии ташаббуси қаблӣ дар ин самт буда, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо пиёда сохтани ин барномаи густурда фишанги муҳими пешрафти иқтисоди миллиро рӯи кор оварда, мавқеашро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ устувортар месозад.

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg