БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ҲИЗБИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

АНДЕША. Нақши ҲХДТ дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ  хеле калон мебошад.

ҲХДТ ҳизби даврони нави давлатдории тоҷикон буда, дар фазои сиёсии озод, гуногунандешӣ ва эҳтироми ақидаҳо фаъолият намуда, ҳадафу мақсадҳояшро аз тариқи парлумон амалӣ месозад. Пешрафти фаъолияти он қабл аз ҳама ба татбиқи ормонҳои мардум, амалӣ сохтани меъёрҳои демократӣ вобаста мебошад.

Комёбиҳои ҲХДТ пеш аз ҳама дар пояи ҳидояту тавсияҳои Раиси ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст меоянд. Дар ҳамин замина ҳизби мо таҷрибаи ба шаклу усулҳои замонавӣ пеш бурдани фаъолияти сиёсиро давом дода, бо назардошти меъёрҳои демократӣ будани ҳизбро амалӣ мегардонад.

Мо бояд фаъолияти ҳизбамонро ба талаботи имрӯзаи рушди ҷомеа мутобиқ созем, тамоми имкониятҳои зеҳниву кадрии ҳизбро баҳри иҷрои он вазифаҳои аввалиндараҷае, ки имрӯз Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сарвари давлату миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, назди ҳар як фарди ҷомеа, бахусус сохторҳо ва аъзои ҲХДТ гузоштаанд, равона созем.

Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Ғафурзода Рухсора, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg