БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАН - ОФАРАНДАИ НАСЛИ НАВРАС ВА ТАРБИЯТГАРИ ҶОМЕАИ ИНСОНӢ

АНДЕША. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки дар замири таърихи башарият занони тоҷик дар қатори мардон мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон дода, қаҳрамонии Малика, Томирис, Рухшона, Гурдофарид ва амсоли инҳо дар ватандӯстиву ватандории миллат саҳми арзанда гузоштаанд.

Зан – Модар, тарбиятгари аҳли башар мебошад, аз ин хотир неъматҳои дунё – сулҳу субот, озодӣ, осудагӣ ва оромиро ҳарчи бештар қадршиносиву тараннум менамояд. Бо фароҳам омадани шароити арзандаи зиндагӣ мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд гардида, таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ин масъала бештар шудааст.

Ба душвориҳои сангини солҳои аввали Истиқлолият ва ноустувории амнияту субот нигоҳ накарда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ корҳои назаррасро анҷом дода, як қатор қарорҳо ва санадҳои меъёри ҳуқуқиро ба тавсиб расонидааст.

Кишвари соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои пешрафта намояндагии занонро дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият чи қонунбарору иҷроия ва чи судӣ таъмин намудааст. Аз Ҳукумати марказӣ то ҷамоатҳои шаҳраку деҳот занон ба ҳайси роҳбар, ҷонишин, мудирони шуъба фаъолият намуда, дар баробари мардон дар пешрафти давлати соҳибистиқлолу демократӣ саҳми муносиби худро гузошта истодааст. Давлате, ки занонаш бомаърифату таҳсилдидаанд, метавонад ҷомеаи он пешрафтаву муваффақ бошад. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони кишвар баробари мардон номуси ватандорӣ, ватандӯстиро бар души худ гирифта, дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат кору фаъолият карда, бо ташаббусҳои созандаву бунёдкории хеш дар Тоҷикистони азизамон саҳм гузоштаанд. Истиқлоли давлатӣ барои мавқеи  устувори зан-модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву сулҳхоҳи моро ба арсаи васеи роҳи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин , мавқеву манзалати занонро дар рушди иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи неруи ватандорию ватанхоҳӣ ва бунёдкорию гулгулшукуфии Тоҷикистони азизамон заминаи устувор гузошт.

Дар ҳақиқат модарону хоҳарон на танҳо офаридгори ҳаёту идомабахши наслҳои оянда, балки офарандаи неъматҳои моддӣ, тарбиятгари дардҳои инсонӣ, таҳқиқгару кошифи илмҳои табиӣ ва башарӣ, инчунин машъалафрӯзандагони роҳи ояндаи инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон ҳастанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба самти занону бонувон таъкид намудаанд, ки “То оне ҳастам, ҳамеша модарону бонувони Тоҷикистони азизамро пуштибонӣ ва дастгирӣ хоҳам кард”.

Назурова Суман, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg