ҲАМАДОНӢ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Рӯзи ҷаҳонии маъюбон барои табобатгирандагони “Маркази тавонбахшии маъюбон”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маводи хӯрока кумак намуд.
Кумаки ғизоӣ аз картошка, пиёз, сабзӣ, равған, биринҷ, шакар ва макарон иборат буда, табобатгирандагони ин марказ аз дастгириҳои бевоситаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳор доштанд.