АНДЕША. Файзи истиқлол бо тозакориҳояш ба фарҳангу тамаддун ва маърифати миллати шарафманди мо таъсири бузург расонида, боз як бори дигар дар арсаи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки ин миллат соҳиби фарҳанги қадимаю забони нобу ширину гуворост.
Воқеан ҳам, забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимии олам буда, се марҳилаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст: забони форси кадим, забони форсии миёна ва забони форсӣ – дарии тоҷикӣ, ки зиёда аз ҳазор сол инҷониб, халқи тоҷик бо забони ноби дарӣ-тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ки ба ин васила фарҳанги ҳазорсолаи классикии худро маҳз ба воситаи ин забон бою рангин офаридааст. Чунончи шоир фармудааст:
Ҳаст забони дарият дилписанд,
Лафзи бузургони суханарҷманд.
Лафзи шакар, лафзи асал, лафзи қанд.
Лафзи ғазал шеъри тар, андарзу панд,
Дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо амиқ дарк намудем, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии муттаҳидкунанда ва пайвандгари миллат мебошад. Имрӯз, бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори дигар ба оламиён исбот менамоем, ки аз баракати он барои рушди такомули арзишҳои асили маънавӣ ва анъанаву суннатҳои неки мардуми тоҷик заминаи мусоиди сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ фароҳам оварда шуд.
Ба хотири азизу гиромӣ доштан, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои маънавӣ, хамасола конференсияҳои назариявию илмӣ, нишасту чорабиниҳои фарҳангӣ дар кишварамон таҷлил мегардад, ки ин баҳри васеъ намудани чаҳонбинӣ, хештаншиносию ҳисси ватандӯстии ҷавонон нақши калидиро дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар бораи забон чунин қайд намудаанд: “Забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад”.
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад бо тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед!
Саъбагул Валиева, корманди масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб