БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттифоқу сарҷамъӣ таҳкимбахши иқтидори давлат аст

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву  муассисаҳо,  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳо оид  ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ-ҳизби  созандаю  бунёдкор   корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ, ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  ҷиҳати   боз  ҳам    густариш  додани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеъи ҷавонон  баҳри  амалӣ  намудани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ дар ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии “Олтинсой”   вохӯрӣ  баргузор  гардид.

Вохӯриро  раиси  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбӣ Ҳамро  Олимов  кушода,  мақсади  вохӯриро  ба  иштирокдорон  фаҳмонид. 

Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ва  дастуру  ҳидоятҳо  дар  мулоқот  бо  намояндагони  ҷомеаи  кишвар, инчунин  дар  вохӯрӣ бо  аҳли  заҳмати   вилояти  Хатлон  дар  ноҳияи  Данғара  андешаронӣ карда,   аз  сокинони  маҳалла даъват  ба  амал  овард, ки  барои  саҳм  гузоштан дар  амалӣ намудани супоришҳои  Сарвари  давлат  дар  таъмини   яке  аз  ҳадафҳои  давлату  Ҳукумат Истиқлолияти  озуқаворӣ  саҳми  худро  гузоранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg