ШАҲРИТУС. Дар ташкилоти ибтидоии “ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”, маҷлиси ҷамъбастӣ ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2022 бо иштироки раис ва кормандони ташкилоти ибтидоӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ҳудуди ҷамоати шаҳраки Шаҳритус доир гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати шаҳраки Шаҳритус натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 ва вазифаҳодар соли 2022, натиҷагирӣ аз маъракаи “Обуна-2022” ба нашрияҳои ҳизбӣ, қабул ё боздошт ва ё аз қайд баровардани аъзои ташкилот (ҳизб) ва масъалаҳои ҷорӣ (тасдиқи нақшаи корӣ ва ҷадвали мавзӯъҳои соатҳои сиёсии ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.