БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ХУДРО ҶАМЪБАСТ МЕНАМОЯНД

Н.ХУСРАВ.  Дар  ташкилоти  ибтидоии  «Раёсати  молия»  маҷлиси  ҷамъбастии  ҳизбӣ  баргузор  гардид.   Раиси  ташкилоти  ибтидоӣ  Нурзода  Маҳмадамин   аз  фаъолияти  солонаи  ташкилоти  ибтидоӣ  ҳисобот   пешниҳод  намуд.   

Дар  маърӯза оид ба  масъалаҳои  ҳалталаби  ташкилоти  ҳизбӣ ва  корҳои  ба  анҷом  расонида   дар доираи талаботи   Оиннома  ва Барномаи  ҳизб маърўза  намуда, қайд  ки, ки  аъзои  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон барои  таҳкими  давлати  соҳибихтиёр, демократӣ  ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ  ва  ягона,  инчунин  иқтисодиёти  устувор, ки  баҳри  беҳбудии  ҷомеа  нигаронида  шудааст,  саҳмгузор мебошад.

Дар  асоси  супориши  Кумитаи  иҷроияи  ҲҲДТ  дар  ноҳия  мутобиқи «Роҳнамо» дар  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ,  барои ҳаракати  аъзои  ҳизб  ва ба  тартиб  овардани фаъолияти  барасмиятдарории таҳлилии  оморӣ, бақайдгирӣ, аз  қайд баровардани  аъзои  ҳизб, ҳуқуқу  уҳдадориҳои  узви  ҳизб, тартиби  ҷамъоварии ҳақки  узвият ва  ҳуҷҷатгузориҳои  дохилиҳизбӣ   чораҳои  зарурӣ  андешида  шуданд.

Дар охири маҷлиси ҷамъбастӣ  вобаста ба масъалаҳои муҳим қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg