БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Н.ХУСРАВ.  Дар  ташкилоти  ибтидоии  “Нафақа”  бо  иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси ҷамъбастӣ  баргузор  гардид.

Раиси  ташкилоти  ибтидоӣ  Р. Соибназаров  оид  ба  фаъолияти  солонаи  ташкилот  ба  аъзои  ҳизб  маърӯза намуд.

Дар  маърӯза оид ба  масъалаҳои  ҳалталаби  ташкилоти  ибтидоӣ ва  корҳои  ба  анҷом  расонида   ҷиҳати   таблиғи  Оиннома  ва Барномаи  ҳизб маърўза  намуда, қайд  карда шуд, ки    аъзои  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон барои  таҳкими  давлати  соҳибихтиёр, демократӣ,  ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ  ва  ягона,  инчунин  иқтисодиёти  устувор, ки  баҳри  беҳбудии  ҷомеа  нигаронида  шудааст, фаъолияти густурда дорад.

Дар ин давра  3  маҷлиси  ташкилоти ибтидоии  ҳизбӣ  баргузор гардида,  дар  онҳо    фаъолияти   ташкилоти  ибтидоӣ  баррасӣ  ва  муҳокима  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg