БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ҲИДОЯТҲОИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО САРМАШҚИ КОРИ ХУД МЕДОНАНД

Н.ХУСРАВ. Бахшида  ба  Рӯзи  таъсисёбии  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар  ташкилотҳои  ибтидоӣ  бо  аъзои  ҷавони  ҳизб  суҳбату  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд. Ин  навбат масъулини  Кумитаи  иҷроия дар  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №  3   бо  ҷавонону  наврасони  синфҳои  болоӣ  суҳбату  вохӯриҳо  баргузор  намуданд.  Раиси  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия  Ализода  Сураё  баромад намуда, иброз дошт, ки   сиёсати  хирадмандонаву дурандешонаи  Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   ҳамчун  ҳизби  пешоҳанги  ҷомеа дар  рушди  соҳаи  маориф, тайёр намудани  мутахассисони  сатҳи  ҷаҳонӣ, тарбияи  насли  наврасу  ҷавон дар  руҳияи  ватанпарастӣ. пос  доштани  муқаддасоту арзишҳои  миллӣ, дӯст  доштани  Ватан ва  миллати  худ, заковати  баланди  худшиносиву  худогоҳӣ пайваста  пайравӣ аз ин  шахсияти  беназир  будан  блиси сарфарзоиву ифтихор аст. Боварии  комил  дорем, ки  ҷавонони  созанда ҳамчун  пайравони  содиқи  Пешвои  миллат  аз  ҳарвақта  дида  бештар барои  амалӣ  намудани  вазифаҳои гузошташуда кӯшиш  намуда,  баҳри  таъмини  зиндагии  шоистаи  мардум саҳми    худро  мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg