ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Боғчаи №3 " маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Боғчаи №3" Ашӯрова Шарифгул дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021” шунида шуда, нақшаи корӣ барои нимсолаи аввали соли 2021 тасдиқ гардид.
Ҳамзамон, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар масъалаи ҳаракати аъзои ҳизб баромад намуда, таъкид карданд, ки ҳисоботҳо оид ба ҳаракати аъзои ҳизб ҳар моҳ ва сари вақт ба Кумитаи иҷроия дастрас ва ҳуҷҷатгузориҳо тибқи Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба роҳ монда шаванд.